Санаи 20 марти соли 2024 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати нақлиёт ва воҳидҳои сохторию корхонаҳои он ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ бо дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва бо пешниҳоди рамзҳои наврӯзӣ иштирок намуданд.

    Боиси қайд аст, Наврӯз аз қадимтарин идҳои мардуми мо ба шумор рафта, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. «Хушбахтона, пас аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукуҳу ҳашамат ҷашн гирифта мешавад. Барои мо — тоҷикон мояи ифтихор аст, ки ҷаҳонишавии Наврӯз натиҷаи иқдоми пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми олам шинохта шудаву мардумони дунё омадани онро пазмон мешаванд».

    Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром дорад ва онро чун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедории табиат эътироф менамояд.

     Наврӯз бо нақши созандааш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбутта, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсимии баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, тоҷикон ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил намуда, беҳтарин орзуву ормонҳояшонро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд.

    Тавре аз номи он бармеояд, Наврӯз — рӯзи нав буда, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.Ногуфта намонад, ки кормандони Хадамот дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.