Дар ҷаласа сардорони раёсатҳо, муовинони сардорони раёсатҳо, мудирони раёсатҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот бо назардошти намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

Ҷаласаро муовини сардори Хадамот Давлатзода З., ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 04.04.2018, №1042 тасдиқ шудааст ва он мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи дин бо дар назардошти манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд. Ҳадафи асосии Консепсияи болозикр, аз муқарар намудани дурнамоии дарозмӯҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои диннии инсон ва шаҳрванд,рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариш таҳамулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмию ризоият дар фазои динии кишвар иборат мебошад.

Сипас сухан ба корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – Қаландаров Б., дода шуд. Ӯ оиди Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки тибқи талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Итиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд”. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва диндоштаро манъ намудааст, ки ногузирии меъёри мазкурро дар масири таърих таҷрибаи давлатдории миллии муосири тоҷикон собит намудааст. Иттиҳодияи динӣдар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда, давлат ва иттиҳодияҳои динӣ якҷоя дар соҳаҳои иҷтимои, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хайриявӣ, инчунин дар масъалаҳои таъмини бехатарии ҷаъмиятӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, мероси таърихию фарҳангӣ, таҳкими саломатии аҳолӣ ва пешгирии ифротгароӣ ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамкории самарабахши давлат ва иттиҳодияҳои динӣ унсури муҳими таъмини субот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, бунёдкориву созандагӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Давлат барои пойдории таҳамул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни пайравони иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун мусоидат намуда, ба зуҳуроти таасуб, хурофот ва ифротгароӣ дар фаъолияти онҳо роҳ намедиҳад.  Хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ яке аз принсипҳои асосиинизоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ маҳсуб ёфта, хизматчиёни давлатӣ ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ, новобаста аз мансубияти динии худ, ӯҳдадориҳои мансабиихудро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд. Хизматчиёни давлатӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансаби ҳуқуқ надоранд, ки дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ иштирок намоянд ва ба фаъолияти таблиғотӣ (миссионерӣ) машғул шаванд.                Дар фарҷоми ҷаласа муовини сардори Хадамот – Давлатзода З., баромад намуда, иштирокдорони ҷаласаро бо заминаҳои қабули консепсия, вазъи кунунии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, мақсад ва ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ ва муносибати давлат бо омили динӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, корманди Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳо – Қаландаров Б.-ро барои иштирок ва баромади хеле хуб изҳори миннатдорӣ намуданд.