Модарон, хоҳарон ва бонувони азиз!

 Шуморо ба муносибати иди баҳору зебоӣ, баҳори фаррухқадам – Рӯзи Модар аз самими қалб табрик гуфта, бароятон саломатӣ, офияти ҳамешагӣ, иқболи баланд, хонаи ободу осуда ва дили пур аз сурур таманно менамоям.

Рӯзи Модар, ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст, ҳамчун рамзи саодат ҳама сол таҷлил мегардад.

Ниҳоди поки модарон шабеҳи насими рӯҳбахши баҳорист. Баҳор ва ҳам зан беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватеанд, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидаанд.

Аз ҳастии пайкари бузурги модар ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад.

Такя бар вуҷуди инсонофарини зан – модар такя бар Яздони пок аст. Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшанидиҳандаи ҳар як хонадонанд.

Модарон қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар таппиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд. Аз ин рӯ, мо ҳамеша ин идро бо дилу эҳсоси гарм истиқбол мегирем.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек Шуморо бори дигар ба Рӯзи Модар – иди баҳору шукуфоӣ, хуррамӣ ва нишот, ки оғози баҳори қалбҳост, таҳният гуфта, орзуманди онам, ки ҳамеша тансиҳат бошеду баҳори шукуфарез барои Шумо ва аҳли хонаводаатон рӯзҳои сабзу хуррам, саодатмандии бепоён ва тавфиқи пайваста ато намуда, ба зиндагиву фаъолиятатон сафову зиё ва нусрату шукӯҳмандӣ ҳадя оварад.

Меҳри бепоёни Модар зинда бод,

Чеҳраи хандони дилбар зинда бод.

Аз Замин рӯяд ҳамора хӯшае,

Дар само хуршеду ахтар зинда бод.

Аз дарахти хушку бебар суд нест,

Майсаву себаргаи тар зинда бод.

Бар диёри нозанини Тоҷикон,

Гармии хуршеди ховар зинда бод.

Дар дили ёрони боаҳду вафо,

Донаи умеди бовар зинда бод.

Аз ҳама ҷои азизу мӯътабар,

Тифлию домони модар зинда бод!

 

Иди “Рузи Модар” муборак!

 

Бо эҳтиром,

Сардори

Хадамоти давлатии назорат

ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Қурбонзода Д.Қ.