ПРОТОКОЛИ
маҷлиси  назди Сардори  Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки  роҳбарон ва намояндагони ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти хизматрасонии мусофирбари таксӣ
аз 11 майи соли 2023                                                                                                     шаҳри Душанбе
 
Иштирок намуданд:
Раҳимзода М. – муовини якуми Сардори Хадамот,
Ашурзода Ф. – муовини Сардори Хадамот,
Бобоев З. –  сардори шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обӣ,
Рафиев М.- сармутахассиси шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обӣ,
Саттори Комрон – сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус,
Сангинов Д. – мудири бахши ҳуқуқ,
Тоиров А. – сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва иттилоот,
Расулов Ф. – сардори Раёсати ХДНТСН дар шаҳри Душанбе,
Халифаев Қ. – сардори Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Рашт,
Зувайдуллозода А. – сардори Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Ҳисор,
Нуруллоев Б.–сардори шуъбаи Бохтар-Левакант-Вахш-Кушониён-и Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Бохтар
Сардорони шуъбаҳои ноҳиявии Раёсати  ХДНТСН дар шаҳри Душанбе.
Сангинов Д. –намояндаи ҶДММ «Сомон таксӣ» шаҳри Душанбе,
Назаров М. – намояндаи ҶДММ «Сайёҳон» шаҳри Душанбе,
Ҳакимов И. – намояндаи ҶДММ «Сафар Ориён»,
Расулов Ш. – намояндаи ҶСК «Нақлиёт» шаҳри Душанбе,
Холматов К. – намояндаи ҶДММ «Узтрейд Таджикистан» ноҳияи Ҳисор,
Набиев С. – намояндаи ҶДММ «Ҷасур Т» ноҳияи Ҳисор,
Ҳусейнов Ҳ. – намояндаи ҶСП «Холдинг Осиё гуруҳ» ноҳияи Ҳисор,
Раҷабов М. – намояндаи ҶДММ «Варзобнақлиёт»,
Шоматов Ҷ. – намояндаи филиали «Сайёҳон» шаҳри Ваҳдат,
Мирзоалиев – намояндаи филиали ҶДММ «Сафар Ориён» шаҳри Ваҳдат,
Насриддинов М. – намояндаи ҶДММ «Чакани Хатлон» вилояти Хатлон.
Иштирок надоштанд:
Роҳбарон ва намояндагони ҶСК «Самара», ҶДММ «Сомон такси сайр» ва ҶДММ Узтрейд Таджикистан» -шаҳри Ваҳдат.

 

 

 

                                                                Рӯзномаи маҷлис:
  1. Дар бораи ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксии шаҳри Душанбе ва пешгирӣ намудани воридшавии таксиҳои шаҳру ноҳияҳои гирду атроф ба шаҳри Душанбе.
          Қурбонзода Д.Қ- Сардори Хадамот  маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, зарурияти баргузор намудани онро ба иштирокчиён баён намуда, ҳамзамон зикр карданд, ки фаъолияти хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар шаҳри Душанбе ҳанӯз ташвишовар боқӣ мондааст. Новобаста аз он, ки ҳамарӯза аз ҷониби мутахассисони Хадамот нисбати қоидавайронкуниҳои таксиҳои дар пойтахт фаъолиятдошта чораҷӯӣ карда мешаванд, вале ин тадбирҳо натиҷаи дилхоҳ надода истодаанд, ки ба талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе  аз 14.12.2022, №642 мувофиқат намекунад. Мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи шаҳрдорӣ, воситаҳои нақлиёти мусофирбари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуқуқи мусофиронро то терминалҳои даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе интиқол доданро доранд. Мушоҳидаҳо ва натиҷаи корҳои нозиротии гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки ҳамарӯза таксиҳои минтақаҳои дигар дар ҳудуди шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардида, ба низоми хизматрасониҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе ҳалали ҷиддӣ расонида, дар аксар мавридҳо боиси тамбашавиҳо мегарданд. Қайд карда шуд, ки аксарияти таксиҳои қоидавайронкунанда аъзоёни  ширкату ҷамъиятҳои нақлиётии ба маҷлис даъватшуда мебошанд.
         Сардори Хадамот  дар алоҳидагӣ натиҷаи корҳои нозиротии дар се рӯз гузаронидаи Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, қайд намуданд, ки 14-ҳолат  аз ҶДММ «Ҷасур Т»-и ноҳияи Рӯдакӣ, 11-ҳолат аз ҶДММ «Сафар Ориён»-и шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, 15-ҳолат аз ҶДММ «Сомон такси сайр»-и шаҳри Ваҳдат, 2-ҳолат ҶДММ «ХС Узтрейд Таджикистан»-и шаҳри Ваҳдат, 2-ҳолат аз ҶСК «Нақлиёт»-и шаҳри Ҳисор, 2-ҳолат аз ҶСП «Холдинг Осиё гуруҳ»-и шаҳри Ҳисор ва 12-ҳолат аз ҶДММ «Самара»-и шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
         Қайд карда шуд, ки ҶДММ «Чакани Хатлон» макони ҷойгиршавиаш шаҳри Бохтари вилояти Хатлон буда, филиалҳои худро бо 31-адад таксӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 50-адад таксӣ дар шаҳри Норак  таъсис додааст, ки фаъолияти ғайриқонунии таксиҳои  як қисми онҳо дар худуди шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуданд.
         Фаъолияти ҶДММ «Варзобнақлиёт», ки бо  630-адад воситаи нақлиёти мусофирбар дар масири Душанбе-вилояти Суғд хизматрасонӣ намуда истодаанд,  муҳокима  гардида, вазифадор карда шуд, ки минбаъд таксиҳои ҷамъият фаъолияти худро то нуқтаи муайяншуда, терминали «Чорбоғ» ба роҳ монанд.
         Махсус зикр карда шуд, ки ширкатҳои мусофирбари таксӣ зери брендҳои «1111», « 888», «3333» ва «1616» дар шаҳри Душанбе бақайдгирифташуда ва фаъолияткунанда, филиалҳои худро дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор таъсис дода, аъзоёни онҳо бо намои (экипировка)-и  ба ҳамин ширкатҳо таалуқдошта дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ фаъолият менамоянд. Ба роҳ мондани чунин тарзи кор боиси он гардида истодааст, ки шумораи таксиҳои хизматрасонанда дар шаҳри Душанбе аз квотаи муқарргардида зиёд буда, сабаби асосии бетартибию бенизомиҳо  ва тамбашавиҳо мегардад.
         Раёсатҳои Хадамот дар шаҳри Душанбе, минтақаҳои Рашт ва Ҳисор бори дигар вазифадор гардиданд, ки бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар шаҳри Душанбе, пешгирии тамбашавӣ дар назди Марказҳои савдо, роҳҳо ва хиёбонҳои пойтахт назоратро дучанд намуда, воридшавии воситаҳои нақлиёти мусофирбарро то терминалҳои даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе таъмин намоянд.
Бо дарназардошти масъалаҳои баррасишуда  қарор қабул карда шуд:
  1. Ҳамаи роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои нақлиётии дар маҷлис иштирокдошта огоҳонида шуданд, ки дар муҳлати то 1 моҳ ҷиҳати пурра пешгирӣ намудани воридшавии воситаҳои нақлиёти мусофирбарашон ба шаҳри Душанбе чораҳои қатъӣ андешанд. Дар ҳолати такрорёбии камбудиҳо оиди боздошт ва ё бекор кардани амали иҷозатномаҳо масъалагузорӣ карда шавад;
  2. Раёсатҳои Хадамот дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Ҳисор, Рашт ва Бохтар вазифадор карда шаванд, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои Прокуратура ва БДА–и ВКД ҶТ фаъолиятҳои худро ҳамоҳанг намуда, дар ҳолати минбаъд содиркунии қоидавайронкуниҳо нисбати роҳбарони ҷамъиятҳои нақлиётӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ чораандешӣ намоянд;
  3. Барои ба таври доимӣ ба қоидавайронкуниҳо роҳ додани ронандагони воситаҳои нақлиёти ҶСК «Самара»-и шаҳри Ваҳдат ва инчунин дар маҷлис иштирок накардани намояндаи ҷамъият ба  Расулов Ф., Халифаев Қ. супориш дода шавад, ки ба муҳлати то 01.06.2023 нисбати аъзоёни ҷамъият, ки ба  қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд, маводҳои маъмурӣ омода намуда, дар ҳамбастагӣ бо БДА-и ВКД воситаҳои нақлиётро ба ҷаримагоҳ бурда ва дар ин замина нисбати роҳбари ҷамъият ҳамчун шахси ҳуқуқӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷиҳати бекор намудани амали иҷозатномаи ҷамъияти мазкур ба Дастгоҳи марказӣ пешниҳод манзур  намоянд;
  4. Сардорони шуъбаҳои Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани воридшавии таксиҳои берунӣ ба ҳудуди шаҳр назоратро пурзӯр намоянд;
  5. Дар ҳар як минтақа назорати фаъолияти таксиҳо тибқи варақаҳои назоратии муайяншуда ба роҳ монда шавад;
  6. Ҷиҳати таъмини тартибот дар ҳудуди шаҳри Душанбе тибқи ҷадвал роҳбарони ҷамъиятҳои мусофиркашонии микроавтобусҳо даъват карда шавад.