Санаи 15 апрели соли 2021 дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон Созишнома оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид.

Созишномаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим ва аз номи Ҳукумати Гурҷистон вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон – Натия Турнава имзо карданд.

Санади мазкур бори аввал ва бо мақсади рушди минбаъдаи алоқаи байналмилалии автомобилӣ байни кишварҳо ба имзо расидааст. Дар доираи созишномаи мазкур ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии дуҷониба, транзит ва ҳамлу нақл ба/аз давлати сеюм амалӣ ва танзим мегардад. Тибқи муқаррароти ин санад, ҷонибҳо ҳамасола ҳиссаи (квота) муайяни рухсатномаҳои байналмилалиро барои анҷом додани боркашонии байналмилалӣ мубодила менамоянд.