Имрӯз дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи модар” таҳти унвони “Модар аз табори фаришта аст” доир гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми Сардори Хадамот Раҳимзода М. оғоз гардида, аз номи Сардори Хадамот кулли модарон, занону бонувонро табрику муборакбод намуд.

Қайд гардид, ки бузургдошти Рӯзи модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарону бонувони иззатманди тоҷик рӯҳу илҳоми тоза бахшида, гувоҳӣ аз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таваҷҷӯҳи дастгириҳои пайвастаи занону модарони тоҷик аст.

Инчунин тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба занону бонувон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа такя мекунад ва барои ҳалли мушкилоти ин табақаи бонуфузи иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.