Вобаста ба танзим даровардани  ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар ҳамаи самтҳои ҳаракат корҳои нозиротӣ дар сатҳи зарӯри ба роҳ монда шудаанд. Ҷиҳати пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ҳафтаи равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда гуруҳи корӣ дар ҳайати муовини сардори Хадамот Давлатзода З. мутахассисони шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва кормандони КВД “МСКХСН” дар назди корхонаҳои сементбарории ҶДММ “Моҳирсемент”, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” ноҳияи Ёвон санҷиши риояи меъёрҳои боркунии бор ба воситаҳои нақлиёти боркаш гузаронида шуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҳангоми боркуни бор ба воситаҳои нақлиёти боркаш меъёрҳои дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №779 муқарраргардида аз ҷониби корхонаҳои мазкур  риоя намегарданд. Дар давоми 2 рӯзи санҷиш нисбати 7 нафар ронандагон бо моддаи 311 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар асоси   натиҷаҳои санҷиш гуруҳи корӣ бо роҳбарияти корхонаҳои болозикр вохурӣ нумуда, аз онҳо риояи маҳдудиятҳои мавсимӣ ва меъёрҳои боркунии бор ба воситаҳои нақлиёт қатъӣ талаб карда шуд