Бо мақсади таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 24 ноябри соли 2023 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якум, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Хадамот иштирок намуданд.

сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон ҳозиринро бо санаи муҳим ва ҷашни муқаддас барои миллати тоҷик муборакбод гуфта, қайд намуд, ки ин рамзи муқаддас барои ҳар як миллат аз асоситарин рукни давлатдорӣ, дарки заҳмати фарзандони фарзонаи он ва муҳимтар аз ҳама барои тақвияти ғуруру ҳувияти миллӣ хизмат менамояд.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад”.

Махсусан, барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки таърихи ҳазорсолаҳои давлатсозию давлатдорӣ, шаҳрсозию фарҳангофарӣ дорад, парчам ё худ Ливои ковиёнӣ ҷойгоҳи шарофатмандона дорад.

Ҳамзамон, кормандон низ иштирокдоронро муборакбод намуда, «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро яке аз санаҳои муътабар барои насли худогоҳу хештаншиноси кишвар дониста, дар васфи ватан, миллат, таъриху тамаддун, парчам ва арзишҳои миллию ватандорӣ сухан намуда, шеърҳо қироат карданд.