Санаи 04 майи соли 2021 дар толори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  вохӯрии кормандони Хадамот  бо намоядаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – сарнозири Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ – подполковники адлия Маҷидӣ Абдукарим, таҳти раёсати Сардори Хадамот Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон  баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур, иҷрои талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҷидӣ Абдукарим моҳияти қонуни мазкурро ба ҳозирин шарҳ дода, аз ҷумла қайд кард, ки аз рӯи таҷриба масъалаи пешгирии коррупсия яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия буда, татбиқи амалии талаботи меъёрҳои моддаи 22 Қонуни номбурда низ яке аз самтҳои асосии пешгирии коррупсия дониста мешавад. Дар фарҷоми ҷаласа иштирокдорон фикру дархостҳои худро оид ба мавзӯъ пешниҳод намуданд