Галерея

Вазифаҳо ва функсияхо

Вазифаҳои Хадамот

Хадамот вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

  • Назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмиллалӣ дар комплекси нақлиёт, ки тартиби фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияти ба раванди нақлиётӣ вобастаро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон, муқаррар мекунад;
  • Танзими давлатии фаъолияти соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияте, ки ба раванди нақлиётӣ вобастагӣ дорад;
  • Додан ва аз нав ба расмиядарории иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ҷиҳати анҷомдиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ, оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, фаъолият оид ба хизматрасонии техники нақлиёт, фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техники нақлиёти ва дигар фаъолиятҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Додани иҷозатномаҳои махсус барои кашонидани борҳои вазнин ва калонҳаҷм;
  • Додани сертификати боркашии воситаи нақлиёт;
  • Сертификаткунонӣ дар нақлиёт ва роҳи оҳан;
  • Тартиб додани феҳристи иҷозатномаҳои додашуда;
  • Додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳои додашуда ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
  • Ташкил намудан ва аз роҳҳои автомобилгард гузаронидани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳояшон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд;
  • Таъмини шароит барои фаъолияти муътадили бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба раванди нақлиётӣ.

Хадамот ҳуқуқ дорад:

  • Санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳамлу нақл, корҳои нақлиётию экспедитсионӣ, роҳдорӣ ва фаъолияти дигари марбут ба нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин сохтмони роҳҳои оҳан, ташкили таъмир ва хизматрасонии техники воситаҳои нақлиёт ва фаъолияти терминалҳоро анҷом диҳад (ба истиснои муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа, андоз ва гумрук ба ғайр аз ҳолатҳои анҷомдодаи фаъолияти тиҷоратию соҳибкории онҳо) дар бобати аз ҷониби онҳо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин аз онҳо талаб намудани пешниҳоди маълумоти зарурӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда;
  • Ташкили нуқтаҳои назоратии воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои автомобилгард ташкили нуқтаҳои назоратии доимӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизот ва лавозимоти барои гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт зарур ва анҷоми назорати давлатӣ, ҷиҳати риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои анҷомдиҳандаии ҳамлу нақли байналмиллалии борҳо ва мусофирон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014, №-702;
  • Гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, терминалҳо, нуқтаҳои назоратӣ ҷиҳати риояи қонунгузории нақлиётӣ ва шарту талаботи иҷозатнома (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014, №-702;
  • Боз доштан, барқарор намудани муҳлати амали иҷозатномаҳо, инчунин муроҷиат намудан ба суд барои бекор кардани амали иҷозатномаҳои додашуда;
  • Боз доштан, барқарор намудани амали сертификатҳо (шаҳодатномаҳо) ва бекор кардани онҳо дар комплекси нақлиётӣ;
  • Баррасии чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
  • Тартиб додани санадҳо, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, додани огоҳномаҳо, баровардани амрҳо ва қарорҳо, ки иҷозатномадорро барои бартараф кардани камбудиҳо дар вақти муқарраршуда уҳдадор менамояд;
  • Истифодаи таҷҳизот ва асбобҳое, ки мувофиқи стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ аз санҷиши давлатӣ гузаштаанд, ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо ва санҷишҳо;
  • Ҳангоми тартиб додани протокол оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гирифтани ҳуҷҷатҳои бақайдгирии воситаи нақлиёт то бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва дар хусуси гирифтани он ба ронанда додани варақаи муваққатии техникӣ, то 30 руз муқарраркардашуда;
  • Гузаронидани санҷишҳо ва тафтишҳои назоратии фаъолияти таркиби ҳаракаткунандаи нақлиёти обӣ, роҳи оҳан ва инчунин техникаҳои