Рузи 08 –уми июли соли 2021 бо иштироки Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Ф., ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар нимсолаи якум баргузор гардид.

Ҷаласаро Сардори Хадамот Ганҷалзода Ш. Р. оғоз бахшида, Давлатзода З муовини сардори Хадамот оид ба натиҷа ва дастовардҳои Хадамот дар нимсолаи якум ҳисобот доданд. Қайд карда шуд, ки нисбати ба ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият барзиёд иҷро карда шуданд.

Сипас Сардори Хадамот фаъолияти нимсолаи якумро соҳаро натиҷагирӣ карда, ҷиҳати пешрафти кор ба масъулин супоришҳои мушаххас дод .