Рузи 08 –уми апрели соли 2021 бо иштироки муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар семоҳаи якум баргузор гардид.

Ҷаласаро Сардори Хадамот Ганҷалзода Ш. Р. оғоз бахшида, Одинаева З муовини сардори Хадамот оид ба натиҷа ва дастовардҳои Хадамот дар семоҳаи якум ҳисобот доданд. Қайд карда шуд, ки нисбати ба ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият барзиёд иҷро карда шуданд. Дар маҷмуъ Хадамот дар семоҳаи якум ба буҷети давлатӣ 1 миилиону 906 ҳазору 920 сомонӣ маблағ ворид намудааст.

Муовини Вазири нақлиёти Саидмуродзода Ш. фаъолияти семоҳаи Хадамотро дар маҷмуъ баҳогузорӣ  намуда, иброз дошт, ки гарчанде нишондиҳандаҳо нисбат ба соли қаблӣ беҳтар бошад ҳам, вале ҳануз камбудиҳои соҳа зиёданд. Хадамот яке аз сохторҳои калидии вазорат ба шумор меравад, ки тамоми бурду бохти соҳа маҳз аз фаъолияти ин ниҳод вобаста аст. Аз фаъолияти мошинҳои гаронвазн низ изҳори нигаронӣ  кард ва гуфт,  ки то толо  мошинҳо бо бори зиёд дар роҳҳои автомобилгард рафтуо доранд.

Вобаста ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа супоришҳо зерин дода шуданд:

  •  масъали назорати истифодабарии роҳхату борхат, бахусус борхатҳои шакли  CMR таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад;
  • оиди қонунигардонии фаъолияти таксиҳои ба истилоҳ 5 сомона дар шаҳри Душанбе тадбирҳои дахлдор андешида шавад;
  • оиди ба тартиб даровардани нуқтаҳои баркашӣ, ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани пардохти ҳаққи хизматрасониҳо чораҳо андешида, дар самти батанзимдарории фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш назорат пурзӯр карда шавад;
  • оиди вусъат додани корҳо дар самти рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва баланд бардоштани ҳамаи нишондиҳандаҳои соҳа тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини вазир изҳори миннатдории худро вобаста ба иштироки кормандони Хадамот дар озмунҳои «Фуруғи субҳи доноӣ» ва «Тоҷикистон ватани азиз ман», ки бо ташаббуси вазорат баргузор гардиданд, баён намуданд.

Сардори Хадамот ҷиҳати таъмини супоришҳои дар ҷаласа додашуда ба ҳамаи кормандон комёби ва барори кор таманно намуд