Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»   дар соли 2019

Соҳаи нақлиёт дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаи афзалиятноки кишвар маҳсуб меёбад. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба соҳаи нақлиёт аҳамияти хоса дода, барои пешрафт ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳа вазифаҳои навбатиро ба миён гузоштанд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсия-кунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт тибқи мукаррароти Оиннома ва асноди меъёрии дар доираи аккредитатсия кайд гардида  фаъолияти худро ба роҳ монда, бо мақсади таъмини иҷрои вазифа ва нақшаҳои пешбинишуда дар соли 2019  корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Кормандони корхона ҷиҳати пешбурди фаъолияти худ оид ба амалӣ гаштани нақшаҳои дар пешистода, инчунин амалӣ гардонидани асноду супоришҳои Вазорати нақлиёт ва Сардори  Хадамот, бо  истифода  аз  тамоми  имкониятҳои  мавҷуда кушиш ва талош меварзанд,  ки  аз  уҳдаи  вазифаҳои  бардушдошта  бо  сарбаландӣ  бароянд.