Роҳбарият

Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон 15 январи соли 1965 дар деҳаи Пехои ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1971 то соли 1981 дар мактабҳои таҳсилоти №21 ва №14-и ин ноҳия таҳсил намудааст.

   Соли 1981 ба Институти  политехникии Тоҷикистон рафта, факултаи «Автомобил ва роҳҳо»-и донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ соли 1986 хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз моҳи сентябри соли 1986 ба ҳайси муҳандиси шӯъбаи кофтуковӣ-лоиҳакашии роҳҳои автомобилгарди Институти Лоиҳакашии «Тоҷикгипротранстрой»-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, то моҳи октябри соли 1988 дар ҳамин корхона кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 1988 то соли 1990 сардори гурӯҳи сметавию лоиҳакашии идораи истеҳсоли роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, солҳои 1990-1993 сардори шӯъбаи истеҳсолии ҳамин идора, солҳои 1994-1995 ҷонишини сардори Трести «Хатлонроҳсоз», солҳои 1995-2003 сардори калонаи автомобилӣ ва ҷонишини директори генералии Иттиҳодияи истеҳсоли «Хатлонроҳ» ифои вазифа намудааст. Солҳои 2003-2006 сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, солҳои 2006-2009 роҳбари Кооперативи истеҳсолии «Роҳсози»-и шаҳри Душанбе, аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 2009 дар вазифаи муовини сардори Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе, аз 11 декабри соли 2009 то 06марти соли 2013с. ҳамчун муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифои вазифа намуда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №117 аз 07.03.2013с. ба вазифаи муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Аз моҳи декабри соли 2013 то 03.02.2015 дар вазифаи Муовини якуми Вазири нақлиёт фаъолият намуд. Аз санаи 3-юми  феврали соли 2015 то 23-юми январи соли 2017  вазири нақлиёт таъин гардид.

Аз 23-юми январи соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Aз 14 майи соли 2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Аз соли 2000-ум аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад ва 12 марти соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии №27-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Сино интихоб гардидааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

 

 

Муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт 

РАҲИМЗОДА  Мирзошариф Убайдулло

аз 02 октябри соли 2019 дар мансаби Муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

кор мекунад

*Соли таваллуд   27 январи соли 1964               Ҷои таваллуд      ноҳияи Восеъ

Миллат:  тоҷик                             Таҳсилот: олӣ

Соли 1993 Донишгоҳи техникии ТоҶикистон ба номи М.С.Осимb, (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос:   иқтисодиёт ва идора дар нақлиёт

Унвони илмӣ:    надорад

Кадом забонҳои хориҶиро медонад:    русӣ,

Вазъи оилавӣ:   оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

                                            Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1981-1982    Коргари хирман, посбони совхози Муминобод-2 
Солҳои 1982-1984 Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ
Солҳои 1984-1987 Ронандаи совхози «Аврора»
Солҳои 1987-1988 Шунавандаи шӯъбаи тайёрии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Солҳои 1988-1993 Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Солҳои 1993-1995 Сариқтисодчии автокалоннаи №2927
Солҳои 1995-1996 Сармуҳосиби автокалоннаи №2927
Солҳои 1996-1997 Cариқтисодчии шӯъбаи банақшагирӣ ва иқтисодии Иттиҳодияи нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе
Солҳои 1997-1998 Муҳосиби шӯъбаи ҳисоботии ТЭЦ-и шаҳри Душанбе
Солҳои 1998-1999 Таъминотчии шӯъбаи таъминоти маводҳои техники ҶСШК «Умед»
Солҳои 1999-2007  Нозир, Нозири калон, Ҷонишини сардори Инспексияи нақлиётии Ҷумҳурии ТоҶикистон
Сардори шӯъбаи назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Солҳои 2007-2009 Сардори шӯъбаи назорат ва танзими интиқоли байналмилалии автомобилии Дастгоҳи Марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Солҳои 2009-2011 Сардори шӯъбаи назорат ва танзими интиқоли байналмилалии автомобилии Дастгоҳи Марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
01.02.2011-03.10.11 Роҳбари КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»
Солҳои 2011-2019  Муовини сардори Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 02 октябрт соли 2019  то ҳоло  Муовини якуми сардориХадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

                                                                                                                                                       

Муовини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи наќлиёт

Одинаева Зулфия Ҳамидовна

Соли таваллуд:   21 феврали  соли 1974          Ҷои таваллуд:      ш. Душанбе

Миллат: тоҷик                                      Таҳсилот:   олӣ

Соли 1997 Донишгоҳи техники ТоҶикистон ба номи М.С. Осими хатм кардааст

Ихтисос   муҳандис-иқтисодчи

Унвони илмӣ    надорад

Кадом забонҳои хориҶиро медонад    русӣ,форси, англисӣ

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1998-2000 Корманди бонки тиҷоратии «Кафолат»
Солҳои 2000-2005 Мутахассиси пешбари Департаменти нақлиёти автомобилии Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо.
Солҳои 2005-2006 Ҷонишини сардори идораи иқтисоди-иттилоотии Инспексияи нақлиётии Вазорати нақлиёт.
Солҳои 2006-2008 Сардори шуъбаи иқтисоди-банақшагирии Раёсати иқтисод ва иттилооти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт.
Солҳои 2008-2012 Сардори Раёсати иқтисод ва иттилооти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт.
Солҳои 2012-2013 Муовини директори КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт».
Солҳои 2014-2015 Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2016-2017 Директори ширкати «Азия Скай Ланс».
Солҳои 2017-2018

 

 

Аз 10 апрели соли 2018 то ҳоло

Мутахассиси пешбари Раёсати нақлиёти руизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Муовини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт.