Озмун барои ҷойҳои корӣ

ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ВА ТАНЗИМ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД!

 

Номгӯи мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ Ҷой Маоши мансабӣ
Дастгоҳи марказӣ
1 Сардори шуъбаи назорат ва танзим дар нақлиёти роҳи оҳан 1 2011,50 сомонӣ
2 Сардори шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо 1 2011,50 сомонӣ
3 Мудири бахши иттилоотӣ ва барномаҳои электронӣ-рақамӣ 1 1653,90 сомонӣ
4 Мудири бахши ҳуқуқӣ 1 1653,90 сомонӣ
5 Сармутахассиси шуъбаи назорат ва танзим дар нақлиёти роҳи оҳан 1 1502,30 сомонӣ
6 Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обӣ 1 1228,40 сомонӣ
7 Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо 1 1228,40 сомонӣ
8 Мутахассиси бахши иттилоотӣ ва барномаҳои электронӣ-рақамӣ 1 1012,60 сомонӣ
9 Мутахассиси шуъбаи назорат ва танзим дар нақлиёти роҳи оҳан 1 1012,60 сомонӣ
Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ
10 Сардори Раёсат 1 2339,30 сомонӣ
11 Сардори шуъбаи гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода 1 1825,25 сомонӣ
12 Сардори шуъбаи гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ 1 1735,85 сомонӣ
13 Сардори шуъбаи гузаргоҳи сарҳадии “Зафаробод-Ҳавотоғ” 1 1735,85 сомонӣ
14 Мудири бахши гузаргоњи сарҳадии “Маданият”-и ноҳияи Ҷ.Расулов 1 1422,95 сомонӣ
15 Мудири бахши гузаргоҳи сарҳадии “Овчӣ  – Қалача”-и ноҳияи Б.Fафуров 1 1422,95 сомонӣ
16 Сармутахассиси шуъбаи гузаргоҳи сарҳадии “Панҷи Поён-Айвоҷ”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ 1 1294,80 сомонӣ
17 Мутахассиси пешбари бахши гузаргоҳи сарҳадии “Овчӣ – Қалача”-и ноҳияи Б.Fафуров 1 1062,40 сомонӣ
18 Мутахассиси пешбари шуъбаи нозиротӣ ва иҷозатномадиҳӣ 1 1170,30 сомонӣ
19 Мутахассиси шуъбаи нозиротӣ ва иҷозатномадиҳӣ 1 962,80 сомонӣ
Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Бохтар
20 Сармутахассиси шуъбаи ноҳияи “Ҷ.Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷ-Дўстӣ” 1 1361,20 сомонӣ
Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Кӯлоб
21 Сардори шуъбаи  “Данғара – Балҷувони” 1 1735,85 сомонӣ
22 Мутахассиси пешбари бахши “Фархор-Ҳамадонӣ” 1 1062,40 сомонӣ
23 Мутахассиси бахши назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо 1 913,00 сомонӣ
Раёсати Хадамот дар ВМКБ
24 Муовини сардори Раёсат 1 2339,30 сомонӣ
25 Мудири бахши “Ванҷ-Қалаи Хумб” 1 1422,95 сомонӣ
26 Мутахассиси шуъбаи нозиротӣ ва иҷозатномадиҳӣ 1 962,80 сомонӣ
27 Мутахассиси шуъбаи шаҳри “Хоруғ-Рӯшон-Шуғнон” 1 957,80 сомонӣ
Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Ҳисор
28 Сардори шуъбаи «Ҳисор-Шаҳринав» 1 1825,25 сомонӣ
29 Мудири бахши баҳисобгирию муҳосибавӣ 1 1571,95 сомонӣ
Раёсати  ХДНТСН  дар   вилояти Суғд
30 Муовини сардори Раёсат 1 2339,30 сомонӣ
31 Сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ 1 1914,65 сомонӣ
32 Сардори шуъбаи нозиротӣ 1 1914,65 сомонӣ
33 Сардори шуъбаи «Б.Fафуров-Бустон-Гулистон» 1 1735,85 сомонӣ
34 Сардори шуъбаи шаҳри «Хуҷанд» 1 1825,25 сомонӣ
35 Мудири бахши «Истаравшан – Шаҳристон» 1 1497,45 сомонӣ
36 Сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ 1 1361,20 сомонӣ
37 Мутахассиси пешбари шуъбаи иҷозатномадиҳӣ 1 1170,30 сомонӣ
38 Мутахассиси пешбари шуъбаи «Б.Fафуров-Бустон-Гулистон» 1 1062,40 сомонӣ
Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Рашт
39 Сардори шуъбаи норҳияи «Рашт-Тоҷикобод-Лахш» 1 1735,85 сомонӣ
40 Мудири бахши «Нуробод-Сангвор» 1 1422,95 сомонӣ
41 Мутахассиси пешбари бахши «Файзобод-Роғун» 1 1062,40 сомонӣ
42 Мутахассиси шуъбаи шаҳри «Ваҳдат-Норак» 1 913,00 сомонӣ
Раёсати ХДНТСН дар шаҳри Душанбе
43 Сардори шуъбаи ноҳияи “Шоҳмансур” 1 1825,25 сомонӣ
44 Сардори шуъбаи нозиротӣ 1 1914,65 сомонӣ

 

Т А Л А Б О Т Ҳ О И   Т А Х А С С У С Ӣ:

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

–  таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисоси ба мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 3  сол собиқаи хизмати давлатӣ  дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон.

 

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:

–  таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисоси ба мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2  сол собиқаи хизмати давлатӣ  дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон.

 

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

–  таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисоси ба мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 4  сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё     5  сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон.

 

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

–  таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисоси ба мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 3  сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё     4  сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон.

Барои ишғоли мансаби  сармутахассис:

–  таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисоси ба мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2  сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё     3  сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

              Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1  сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад

Барои иштирок дар озмун ҳуҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони Сардори Хадамот (шакли муқарраргардида);

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи  меҳнатӣ

надорад);

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд;

– маълумотнома аз СИТ (ИЦ) ВКД (оиди надоштани доғи судӣ );

– маълумотнома аз ҷои истиқомат.

– маълумотнома (справка-объективка);

– хислатнома;

– дело (скоросшиватель);

Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар бинои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ш.Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов – 9/3 қабул  карда мешаванд. Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон  аз санаи нашри эълон на камтар аз 21 рӯз.

 

 

Телефонҳо: 235-57-24;  939138559  Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус.