Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳаммияти бузург доранд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд.
Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шуд.
Ҳоло дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии 7,5 миллиард сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст.
Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид.
Минбаъд Ҳукумати кишвар бояд доир ба тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ ва таҷдиди паркҳои нақлиётӣ, инчунин, афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешад