Таърихи таъсиси Хадамоти давлатӣ

Таърихи таъсисёбї ва фаъолияти  Хадамот

Соњаи наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз наќлиёти автомобилї, роњи оњан, њавої ва хољагии роњњо иборат буда, дар пешрафти иќтисодиёти кишвар наќши њалкунанда мебозад.  Танзими њаракати воситањои наќлиёт, назорат аз болои фаъолияти онњо, инчунин сохтмон ва нигоњдории њолати роњњо вазифаи асосии соњаи наќлиёт ба њисоб меравад.

Пас аз барњам хурдани Иттињодияи Шўравї, гузаштан ба сохти иќтисоди бозоргонї ва пайдо шудани шаклњои гуногуни моликият дар соњаи наќлиёт Њукумати Љумњурии Тољикистон бо маќсади амалї намудани назорат ва танзими давлатии соњаи наќлиёт бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №245 аз 27 июли соли 1998 маќомоти «Инспексияи наќлиётї»-ро дар назди собиќ Вазорати наќлиёт ва хољагии роњњои Љумњурии Тољикистон таъсис дод.

Барои боз њам мукамал сохтани системаи назорат ва танзим дар соњаи наќлиёт дар заминаи «Инспексияи наќлиётї» мувофиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №602 аз 28.12.2006  сохтори нав – Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи наќлиёт  дар наќшаи идоракунии  собиќ Вазорати наќлиёт ва коммуникатсияи Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд ва Низомнома , сохтор ва наќшаи идоракунии он бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №107 аз 03.03.2007 тасдиќ карда шудааст. Вазифаи Хадамот  ин назорати риояи санадњои меъёрии њуќуќї ва Созишномањои байналмилалї дар соњаи наќлиёт,  танзими давлатии фаъолияти соњаи наќлиёт ва њољагии роњњо , додани иљозатнома, додани иљозати махсус барои интиќоли борњои вазнин ва калонњаљми таќсимнашаванда, додани сертификати баркашї ва таъмин намудани шароит барои фаъолияти муътадили бозори хизматрасонињо вобаста ба раванди наќлиётї мебошад. Хадамот њуќуќ дорад дар доираи талаботи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон њангоми риоя нагардидани  ќонунвайронкунињо ва ќоидавайронкунињо соњаи наќлиёт нисбати шахсони воќеи, мансабдор ва њуќуќї љораљуї намояд.

Бо маќсади боз њам пурра муайянсозии мутобиќати кору хизматрасонињои соњаи наќлиёт ба меъёрњои муќарраргардида дар сохтори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи наќлиёт  бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №399 аз 2 августи соли 2010  корхонаи воњиди давлатии «Маркази сертификатсиякунони кор ва хизматрасонии соњаи наќлиёт» таъсис дода шуд.