Низомномаи Хадамоти давлатӣ

 Муқаррароти умумӣ

  1. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт (минбаъд- Хадамот) мақоми назорати давлатӣ дар комплекси нақлиёт мебошад, ки назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, барқӣ ва саноатӣ, хочагии роҳҳо ба анҷом расонида, фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад.
  2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.(ҚҲҶТ №196 аз 12.04.2011)
  3. Хадамот дар фаъолияти худ Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад
  4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи сарҳади давлатӣ, гумрук, бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти назоратӣ анҷом медиҳад.

 Вазифаҳо

  1. Хадамот вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
  • назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои баӣналмилалӣ дар комплекси нақлиёт, ки тартиби фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияти ба раванди нақлиётӣ вобастаро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон, муқаррар мекунад;
  • танзими давлатии фаъолияти соҳаи нақлиёт ва хочагии роҳҳо, инчунин фаъолияте, ки ба раванди нақлиётӣ вобастагӣ дорад;
  • додан ва аз нав ба расмиятдарории иҷозатномаҳо (литсензияхо) ҷиҳати анҷомдихии фаъолият оид ба корҳои лоиҳақашӣ ва тадкикотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ, оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ, оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ. фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ, фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва дигар фаъолиятҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • додани иҷозатномаҳои махсус барои кашонидани борҳои вазнин ва калонҳаҷм;
  • додани сертификати баркашии воситаҳои нақлиёт;
  • сертификаткунонӣ дар нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан;
  • тартиб додани феҳристи иҷозатномаҳои додашуда;
  • додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳои додашуда ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
  • ташкили аз роҳҳои автомобилгард гузаронидани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳояшон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд;
  • таъмини шароит барои фаъолияти муътадили бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба раванди нақлиётӣ.
  1. Хадамот ҳуқуқ дорад:
  • санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳамлу нақл, корҳои нақлиётию экспедитсионӣ, роҳдорӣ ва фаъолияти дигари марбут ба нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин сохтмони роҳҳои оҳан, ташкили таъмир ва хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт ва фаъолияти терминалҳоро анҷом медиҳанд (ба истиснои муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи мақомоти хифзи ҳуқуқ, мудофиа, андоз ва гумрук ба ғаӣр аз ҳолатҳои анҷомдодаи фаъолияти тиҷоратию соҳибкории онҳо) дар бобати аз ҷониби онҳо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномахои баӣналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт ва хочагии роҳҳо, инчунин аз онҳо талаб намудани пешниҳоди маълумоти зарурӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда;
  • ташкили нуқтаҳои назоратии воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳхои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нуқтаҳои назоратии доимӣ ва саӣёр дар баромадгоҳҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизот ва лавозимоти барои гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт зарур ва анҷоми назорати давлатӣ ҷиҳати риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии баӣналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои анҷомдиҳандаи ҳамлу нақли баӣналмилалии борҳо ва мусофирон;
  • гузаронидани санҷиши доимии воситаҳои нақлиёт дар хатҳои саӣр, парвозҳо, терминалҳо, нуқтаҳои назоратӣ, дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда ва саӣёри баромадгоҳҳои вилоят, шаҳр ва нохияҳои ҷумҳурӣ дар бобати риояи қонунгузории нақлиётӣ ва шарту талаботи иҷозатнома, аз ҷумла мавҷудияти иҷозатнома, варақаҳои назоратӣ, сертификат, шаҳодатномаи бақаӣдгирии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои нақлиёти  борӣ, риояи шарту талаботҳои техникии воситаи нақлиёт ва қоидаҳои интиқоли борҳо, мусофирон ва бағоч;
  • боз доштан, барқарор намудани муҳлати амали иҷозатномаҳо, инчунин муроҷиат намудан ба суд барои бекор кардани амали иҷозатномаҳои додашуда; боз доштан, барқарор намудани амали сертификатҳо (шаҳодатномаҳо) ва бекор кардани онҳо дар комплекси нақлиётӣ; баррасии чораҳои ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ; тартиб додани санадҳо, протоколҳои ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ, додани огоҳномаҳо, баровардани амрҳо ва қарорҳо, ки иҷозатномадорро барои бартараф кардани камбудиҳо дар вақти муқарраршуда уҳдадор менамояд; истифодаи таҷҳизот ва асбобҳое, ки мувофиқи стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ аз санҷиши давлатӣ гузаштаанд, ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо ва санҷишҳо; ҳангоми тартиб додани протокол оиди ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ гирифтани ҳуҷҷатҳои бақаӣдгирии воситаи нақлиёт то бартараф кардани ҳуқуқваӣронкунӣ ва дар хусуси гирифтани он ба ронанда додани варақаи муваққатии техникӣ;
  • гузаронидани санҷишҳо ва тафтишҳои назоратии фаъолияти таркиби ҳаракаткунандаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, ва ҳавоӣ, инчунин техникаҳои роҳсозӣ ҷиҳати риояи шарту талаботи сертификатҳои додашуда;
  • санҷиши фаъолияти муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, ки сертификатдиҳии воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои роҳсозиро ба анҷом мерасонад;
  • иштирок дар гузаронидани тафтишотҳои садамаҳои нақлиётӣ ва санҷиши қонуншиканиҳои имконпазири қонунгузории х,авоӣ ва қоидаҳои асосии авиатсионӣ;
  • назорати қоидаҳои хизматрасонии техникии техникаи авиатсионӣ;
  • назорати иҷрои чорабиниҳои пешгирии баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва мунтазами парвозҳо;
  • иштирок дар кори комиссияҳои марбут дар комплекси нақлиёт;
  • назорати риояи меъёрҳо ва қоидаҳо дар сохтмони роҳҳои автомобилгард, купрукҳо, нақбҳо, гузаргоҳҳо, галереяҳо, кучаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, инчунин ободонӣ ва сохтмони иншоотҳои тиҷоратӣ, саноатӣ, нуқтаҳои фуруши сузишворӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард;
  • пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани қонунваӣронкунандагон, ҳамчунин тадбирҳои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ваӣронкунии қоидаҳои истифодаи нақлиёт, талаботи экологӣ ва оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт.

Ташкили фаъолият

  1. Хадамоти давлатиро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (ҚҲҶТ №196 аз 12.04.2011).

Сардори Хадамот ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сардори Хадамот ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. (ҚҲҶТ №196 аз 12.04.2011)

  1. Сардори Хадамот ҳуқуқ дорад:
  • роҳбарии фаврии фаъолияти Хадамотро амалӣ намояд;
  • кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;
  • дастурул амалҳо, низомномах,ои вохидҳои сохторӣ, сметаи хароҷотҳо, ҷадвали вазифаҳо, дастурҳои вазифавии Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии Хадамотро тасдиқ намояд;
  • нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамотро тасдиқ намояд;
  • тибқи тартиби муқарраргардида кормандони шоистаи Хадамотро барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
  1. Кормандони Хадамот ҳуқуқ доранд, соҳиби шаҳодатнома бошанд ва аз либоси махсусе, ки намуна, тартиб ва муҳлати додани онро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, истифода намоянд.
  2. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дороӣ ҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисобҳои бонкҳо, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад. Амволи Хадамот аз ҳисоби амволи додаӣ давлат, инчунин амволи дигар, ки арзиши онҳо дар баланси Хадамот инъикос меёбад, ташкил мешавад.
  3. Номи пурраи Хадамот:
  • бо забони точикӣ – Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;
  • бо забони русӣ – Государственная служба по надзору и регулированию в области транспорта.
  1. Маҳали ҷоӣгиршавии Хадамот: шаҳри Душанбе, кучаи ба номи Ҷ. Расулов 9\3 мебошад. (ҚҲҶТ №196 аз 12.04.2011).

 

ЗАМИМАИ 2

бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 марта соли 2007 №107  тасдиқ шудааст (бо қарори 689 аз 31.12.2008, №668 аз 30.12.2010 илова карда шуд)

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт:

  • Роҳбарият
  • Раёсати иқтисод ва иттилоот
  • Раёсати ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ
  • Шӯъбаи назорат ва танзим дар нақлиёти рӯизаминӣ
  • Шӯъбаи назорат ва танзим дар нақлиёти ҳавоӣ
  • Шӯъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо
  • Шӯъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ
  • Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
  • Шӯъбаи ташкилӣ Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

 

ЗАМИМАИ 3

бо қарори Хукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 №107 тасдиқ шудааст.

Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

  • Дастгохи марказӣ
  • Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон
  • Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Суғд
  • Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе
  • Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Қурғонтеппа
  • Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кулоб
  • Раёсати минтакавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳру нохияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

 

ЗАМИМАИ 4

бо қарори Хукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 августи соли 2010 №399   тасдиқ шудааст.

Номгӯи корхонаҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт:

  • Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор  ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

Ҳуҷҷати часпондашуда: