Ҷаласа оид ба пешгирии омилҳои коррупсиони баҳри  иҷроиши «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»

  •         Ҷаласаи  кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт оид ба пешгирии омилҳои коррупсиони баҳри  иҷроиши «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 12 феврали соли 2018, №10.2/1.2473 бо иштироки кормандони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Иштирок доштанд:
  •    Муовини якуми сардори Хадамот: – Халифаев А. К.;
  •    Муовини сардор: – Одинаева З. Ҷ.
  •    Сардори Раёсати 2-и Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорат давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон -Муќимї Н. А.
  •    Сафаров Т. -мутахассиси  Раёсати 2-и Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорат давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  •    Сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои зертобеи Хадамот- Ғанизода А., Зувайдуллозода А., Одинаев С., сардорони шуъбаҳо ва бахшҳо раёсатҳо.
  •     Директори КВД «МСКХСН» – Муминов Л., муовинони директор, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси КВД «МСКХСН », сардорони филиалҳои КВД «МСКХСН» ва масъулони дидбонгохои баркашии  воситаҳои нақлиёт.
  •                                           Рўзномаи ҷаласа:
  •           Пешгирии омилҳои коррупсиони баҳри  иҷроиши «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013, №1504.
  •           Аз рўи масъалаи мазкур  муовини якуми сардори Хадамот Халифаев А.К. баромад намуда, нахуст суханро ба Одинаева З. Ҷ. барои муарифи ва шинос намудани намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дод. Одинаева З. Ҷ. даъватшудагонро ба  саҳми иштирокчиён муаррифӣ намуд.
  •             Баъди пешниҳоди мазкур сухан ба Муқимӣ Нигора Аминзода-  сардори Раёсати 2-и Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорат давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -. дода шуд.