Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК» санаи 13 ноябри соли 2023 маҷлис баргузор гардид.

Дар маҷлис роҳбарият ва кормандони Хадамот иштирок намуданд.

Табрикот ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ҳозиринро бо хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар 32 соли даврони Истиқлол ёдовар шуда, қайд намуданд, ки мо миллати хушбахтем, ки ба бахти мо тоҷикон таърих роҳбареро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳрпарастӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи миллату кишвари тоҷикон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳадти миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари Давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостар ин марҳилаи таърихи тоҷикон бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои зарин абадӣ нақш бастааст.

Дар маҷлис кормандони Хадамот табрикоти худро дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намуданд.

Дар анҷом, суруд ва шеърҳо дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳозирин хонда шуд.