Санаи 04 июли соли ҷорӣ дар толори Хадамот таҳти раёсати Сардори ХДНТСН Ганҷалзода Ш.Р бо иштироки муовини  сардори Раёсати назорати гумрукии Хадамоти гумрук Асоев Б.А., мутахассиси шуъбаи гигиенаи коммуналӣ ва кудакону наврасони Хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров О., Афсари калони ШИТ Раёсати назорати сарҳади Қушунҳои сарҳадии КДАМ Шарипов Х.С., муовини якуми директори КВД “МСКХСН” ва инчунин роҳбарони ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти ҶСП “Тоҷиквнештрасн”, ҶДММ “Истиқлолият26”, ҶДММ “Ҳулбук нақлиёт”, ҶДММ “Шоҳин Транс”, ҶДММ “Занҷираи Осиёгӣ”, ҶДММ “Рушди воридот”, ширкати “Далӣ”, ҶДММ “Тоҷ Транс” ҶДММ “Ганҷи дунё”ва МТЛ “Шодмони А”

Ҷаласаро Ганҷалзода Ш.Р. оғоз  бахшида дар бораи дастовардҳои  Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон  ва Вазорати нақлиёт оиди азнавсозии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ва ба меъёрҳои байналмилали мутобиқ гардонидани онҳо ибрози ақида намуда, таклиф ба миён гузоштанд, ки ҳамаи итифодабарандагони роҳҳои автомобилгард новобаста аз шакли моликияташон уҳдадоранд меъёрҳои муқараргардидаи вазну адозаҳоро, ки бо Қарари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, таҳти №779 тасдиқ карда шудааст, қатъӣ риоя намоянд.