Санаи 8 ноябри соли 2023 дар доираи нақша – чорабиниҳои Хадамот оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва баррасии пешниҳоди Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 – уми октябри соли 2023, №10/27-406 сод «Оиди бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда» бо Шаҳидуллозода Муҳаммадвалӣ – Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали адлияи дараҷаи 3, ва роҳбарияту кормандони шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот вохурӣ доир гардид.

   Нишастро Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Д.Қ. оғоз намуда, афзуд, ки «Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад».

     Сипас, Шаҳидуллозода Муҳаммадвалӣ – Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали адлияи дараҷаи 3 пешниҳоди Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 – уми октябри соли 2023, №10/27-406 сод «Оиди бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда» тафсир ва корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, изҳор намуд, ки «Имрӯзҳо қисме аз одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати дунявӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад».

     Ҳамзамон, Сангинов Даврон Мудири Бахши ҳуқуқи Хадамот афзуд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ва вабои аср буда, мубориза бо он қарзи ҳар як инсон ва шаҳрванд мебошад.

      Дар анҷом оид ба масъалаи баррасишуда саволу ҷавоб сурат гирифт.