Санаи 14 январи соли 2022 ҷиҳати иҷрои “Нақша-чорабиниҳо оид ба роҳ мондани қабули хизматрасониҳои пулакии давлатӣ” ки бо фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2019, №39  дар доираи иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30 ноябри соли 2018, № 565 «Оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» тасдиқ шудааст, ҷаласаи кории навбатӣ бо иштироки муовини Сардори Хадамот – Давлатзода З. Ҳ ва роҳбарон ва шахсони масъули раёсатҳои тобеи Хадамот ва КВД “МСКХСН” баргузор гардид, ки ҳисоботи шахсони масъул оид ба таъмини талаботи қарори мазкур шунида шуд.
Дар соли 2021 – 80  адад ҷамъиятҳои боркашонии фаъолиятдошта дар ҷумҳурӣ бо шумораи 1680 адад воситаҳои нақлиёти боркаши борбардориашон аз 20 тонна зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин миқдор 916 адад ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш бо кортҳои пластикӣ таъмин гардида, 132 адад ҳуҷҷатҳои ронандагон ҷиҳати гирифтани кортҳо ба ҶСК “Ориёнбонк” пешниҳод карда шудааст. Барои ҷой доштани камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳои ронандагон 56 адади он бобати ислоҳи камбудиҳо баргардонида шудаанд. Вобаста ба масъали мазкур дар як моҳ ду маротиба ҷаласаи корӣ доир гардида, дар он таҳлили фаъолияти шахсони масъули раёсатҳои тобеи Хадамот ва филиалҳои КВД “МСКХСН” гузаронида мешавад.

Баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба раёсатҳои тобеи Хадамоти давлатӣ ва филиалҳои КВД “МСКХСН” супориш дода шуд, ки дар ин самти фаъолият корбарӣ пурзур карда шуда, маълумотҳои зарурӣ оид ба раванди корҳо пешниҳод карда шавад. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки бори дигар ҷиҳати муайян намудани шумораи ҷамъияту ширкатҳои боркашонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  фаъолияткунандаро бо шумораи воситаҳои нақлиёти боркаш дақиқ таҳлил намуда, тибқи он корбарӣ ба роҳ монда шавад