Табрикоти

Cардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо ифтихори рӯзи модарон:

      Санаи 7 март дар Хадамот бахшида ба рӯзи  “Модарон” чорабинӣи тантанавӣ гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ Қурбонзода Хуршед Ҳазрат ҳамаи занон, бонувони корхонаро табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд.  Мардуми шарифи  Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рўзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан – модар таҷлил мекунад. Аз ин лиҳоз, Рўзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шаборўзии модар аст. Яъне дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рў, башарият ҳамеша аз ў сипосгузор мебошад. Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрўзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ў қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем. Ҳамду сано ба зан — модар, ки муҳаббати ў интиҳо надорад  ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ўст. Бори дигар ҳамаи шумо – модарону хоҳарони меҳрубон ва фарзандони азизро бо ин ҷашни пуршукўҳ шодбош гуфта, бароятон дар арафаи Наврўзи фархундапай рўзгори пур аз баҳорро орзу дорам.

Идатон муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!