Пайомади боришот.

Санаи 29-уми майи соли 2020 дар натиҷаи боришоти зиёд сатҳи дарёи Кофарниҳон баланд гардида, ба пойдевори (сутунпояи №7)  пули мошингузари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, километри 14,5-ум осеби ҷиддӣ расонидааст.

Кормандони Хадамот бо мақсади таъмин намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти тавассути пули мазкур гузаранда, навбатдории шабонарӯзи ташкил намуданд.

Бо хулосаи мутахассисони соҳа иқтидори борбардории пул 30 тонна муайян гардида, назорати гузариши воситахои нақлиёт бо вазни умумӣ 30 тонна аз ҷониби кормандони Хадамот таъмин шуда истодааст.