Санаи 3 – юми ноябри соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни 29 – умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – танзимгари ҳаёти ҷомеа” дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷлис баргузор гардид.
       Дар маҷлис Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер Қурбон ва кормандони Хадамот, инчунин меҳмонони даъватшуда ноиби Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Дониёр Шомаҳмад ва корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Назаров Шаҳбоз – сарпарасти соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.