Иқдоми ҲХДТ оиди пешгирии паҳншаии COVID-19.

   Санаи 15-уми июни соли 2020 бо иштироки намояндагони Кумитаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Сино дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ( Назорати нақлиёт ) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вохўри доир гардида, вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Кормандон бори дигар вазифадор гардиданд, ки риояи гигиенаи шахсиро ҳатмӣ риоя карда, доими аз ниқоб истифода баранд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ба хизматрасониҳои мусофиркашонӣ дар воситаҳои нақлиёти автомобилии ҷамъияти диққати ҷидди дода, саворшавии мусофиронро бе ниқоб дар нақлиётҳои ҷамъияти қатъиян манъ намоянд.