Рузи 14-уми июли соли 2020 бо иштироки  вазири нақлиёти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид.

Маҷлисро сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Ш. Р. оғоз бахшида, барои пешниҳоди ҳисобот оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2020 суханро ба муовини якуми сардори Хадамот Раҳимзода М. доданд. Номбурда иброз доштанд, ки соҳаи нақлиёт дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаи афзалиятноки кишвар маҳсуб меёбад. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи нақлиёт аҳамияти хоса дода, барои пешрафт ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳа ва вазифаҳои навбатии он дастуру супоришҳо доданд.

Дар маҷмӯъ Вазири нақлиёт Худоёрзода Х. иброз доштанд, ки гарчанде нишондодаҳо назаррас бошанд ҳам, вале ҳануз камбудиҳои соҳа зиёданд. Бинобар ин таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масъалаҳои зерин ҷалб намуданд:

– ба раванди интиқоли молу маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ дар дохили кишвар ва ҳамчунини бп хориҷи кишвар содирот намудани онҳо ҳаматарафа мусоидат намуда, дар ин самт монеагӣ эҷод карда нашавад;

– дар ҳама инфрасохтори соҳаи нақлиётӣ дар самти назорати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ корҳои нозиротиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, маъдумотҳои дақиқ ва асоснок ба Вазорати нақлиёт пешниҳод карда шавад;

– ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус (COVID-19) тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии соҳаи мунтазам корҳои нозиротиро ба роҳ монда, бе ниқоб савор шудан ба нақлиётҳои мусофирбарии ҷаъмиятӣ, риояи фосилаи байниҳамдигарӣ дар дохили автобусу микроавтобусҳо ва аз меъёр зиёд савор шудани мусофирон ба микроавтобусҳо қатъиян аз байн бурда шавад;

– барои муайянсозии вазъи саломати аз кронавирус кормандон бояд аз тест гузаранд;

– фаъолияти нақлиёти гаронвазн пурра ба танзим дароварда шавад;

– фарогирӣ воситаҳои нақлиёт бо роҳхату борхат ;

– пурзӯр намудани назорати роҳҳои автомобилгарди таҷдидшуда, нигоҳдории онҳо аз ҷониби МДНРА, тозакунии зери пулҳо, ҷуйборҳо ва қубурҳои обгузар;

Сипас сардори Хадамот Ганҷалзода Ш.Р якчанд масъалаҳои ҳалталаби соҳаро, аз ҷумла бартарафсозии қафомонии нишондиҳандаҳо, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омаданд, таъмири ҷории роҳҳои автомобилгард, пурра пешгири кардани интиқоли борҳои гаронвазн, фароҳам овардани шароит барои фаровардани борҳои аз мнъёр зиёди нақлиётҳои боркаш, ҷоннок кардани корҳои нозиротӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият, мутобиқсозии санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба меъёрҳои Кодекси нақлиёти автомобилӣ, назорати нақлиёти обӣ, хондани китоб ва таълиму тарбияи фарзандонро ба миён гузошта, аз масъулин иҷрои онҳоро дар семоҳаи сеюм талаб намуданд.

Оиди бартарафсозии камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул намуд.