Иди касбии нақлиётчиёни автомобилии Тоҷикистон- муборак

       Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо муносибати Иди касбии нақлиётчиёни автомобилии Тоҷикистон, санаи 25 июл ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ганҷалзода Ш.Р.-  сардори Хадамот ба ин муносибат ҳамаи кормандон ва дар шахсияти онҳо кулли нақлиётчиёни кишварро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, дар пешбурди кори бониҳоят мушкилу пурмасъул барору комёбиҳо ва муваффақиятҳо орзу намуд. Ӯ илова намуд, ки имрузҳо нақлиётчиёни кишвар новобаста ба мушкилиҳо ҷойдошта дар самти хизматрасониҳои нақлиёти, инчунин дар ободии кишвар саҳми арзанда доранд.

       Дар асоси фармоиши сардори Хадамот. барои хизматҳои арзанда дар пешрафти соҳаи нақлиёти автомобилӣ, кормандон  бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.