Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии  гаронвазн  дар нуқтаои баркашӣ  корҳои нозиротию санҷишӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда, нисбати қоидавайронкунандагон чораҳои амалӣ андешида шаванд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки аз раванди тартиби баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аксҳо гирифта, ҳамчун далелҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар баррасии маводҳо истифода бурда шаванд.