Гӯшаи дустдорони китоб дар Хадамот.

      Тибқи дастуру супоришҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои зертобеи Хадамот, инчунин КВД “Маркази сертификатсиякунони кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” китобхона ташкил карда шуд.

Ба ҳолати якуми июни соли 2020 дар маҷмуъ 1524 адад китобҳои бадеи аз ашъори шоирону нависандагони тоҷику форс ва дигар миллатҳо гирд оварда шуданд, ки аз ин шумора 926 китоб бо забони тоҷикӣ, 572 китоб бо забони русӣ ва 26 адад бо дигар забонҳо ташкил медиҳад.