Санаи 11 сентябри соли 2021 дар ноҳияи Файзобод истгоҳи баркашии дар километри 15+800-и роҳи автомобилгарди РБ 07, Ваҳдат-Рашт-Ляхш ноҳияи Файзобод мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи он муовини аввали раиси ноҳияи Файзобод – Амонализода Ҷаҳонбег Амоналӣ, раиси ҷамоати деҳоти Бустон – Мусоев Амрулло Муҳабатович, муҳандис заминсози ҷамоати деҳоти Бустон – Шарифов Суҳроб Рустамович муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт –Давлатзода Зулфия Ҳамид ва директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” – Мумин Лашкар Қиёмуддин иштирок намуданд.

Сохтмону навсозии истгоҳи мазкур аз ҷониби ширкати ҶДММ «Муҳаммад Роҳсоз» ба маблағи 340000 сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Масоҳати умумии истгоҳи мазкур 1040м2 буда, он ба маблағгузории Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба стандарт бунёд карда шудааст.

Истгоҳи мазкур ҳамзамон дорои хона –вагон, майдончаҳо аз ду самти роҳҳои автомобилгард барои ҷойгир намудани таҷҳизоти вазнченкунии сайёр, аломатҳои огоҳикунандаи роҳ, терминали пардохти ғайринақдӣ ва терминали хизматрасонӣ буда, ҷиҳати фаъолияти босамари кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва экспертони КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” имкон фароҳам оварда шудааст.