Санаи 9 январи соли 2024 ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024” таҳти раёсати вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид.

Дар ҷаласа Саидмуродзода Шоиста–муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Далер Қурбон–сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Қодирзода Сайфулло – Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломзода Раҳмиддин Салом – директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доробова Хандонгул – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нақлиёт”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардори Хадамот, сардорони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону сардорони шуъбаҳои нозиротии воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок доштанд.

Нахуст маърӯзаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер Қурбон доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2023 шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар соли 2023 Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоиш ва қарорҳои Вазорати нақлиёт, ҳайати мушовараи он ва Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ барои соли 2023 ба роҳ монда, баҳри назорат ва танзими комплекси нақлиётӣ як қатор корҳо анҷом дода шуданд.

Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот дар самтҳои фаъолияти Хадамот ва роҳҳои ҳалли онҳо зикр шуда, дар муҳокимаи масъала сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот, аз ҷумла дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои вазир ва сардори Хадмот посух доданд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим оид ба дастуру супоришҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар дастгоҳи марказии Хадамот ва воҳидҳои сохтории он омӯзиши нуқтаҳои асосии Паём ташкил ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия карда шавад.

Дар фарҷом, аз ҷониби муҳтарам Азим Иброҳим вобаста ба натиҷаҳои молиявӣ ба сардори Хадамот изҳори сипос баён гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2024 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Илова ба ин, вазифаҳо барои соли 2024 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул карда шуд.