Дар толори Хадамот  рўзи 4 январи соли равон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлати назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 таҳти Сардори Хадамот  Ганҷалзода Шералӣ  ва бо иштироки муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста , директори МД НАХЛ  Саломзода Раҳмиддин, баргузор гардид.

Маҷлисро сардори Хадамот  Ганҷалзода Ш. Р. оғоз бахшида, оид натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар  соли 2021 ҳисобот дод  қайд намуд, ки кормандони Хадамот дар доираи талаботҳои қонунгузории ҷорӣ назорату танзими соҳаро ба роҳ монда, барои амалӣ намудани фаъолиятҳои мушаххси соҳа  иҷозатнома дода, мӯҳлати амали  иҷозатнома тамдид карда шудааст. Барои бе иҷозатнома фаъолият намудан, риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, дағалона вайрон намудани қоидаҳои мусофиркашонию боркашонӣ, риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории роҳҳо ва зарар расонидан ба роҳҳои автомобилгард дар маҷмӯъ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд,  Аз ҳисоби додани иҷозатномаҳо, ҷаримабандии карда, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, додани иҷозати махсус ва дигар намуди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус ба буҷаи давлат маблағ ворид намудааст.

Муовини Вазири нақлиёт Саидмуродзода Ш.  дар маҷмӯъ натиҷаҳои ноилгардидаи  Хадамотро дар ҳамаи самтҳои фаъолият аз руи минтақаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, иброз доштанд, ки  новобаста аз корҳои ба анҷом расонидашуда ҳанӯз камбудиҳои соҳа ба назар мерасанд. Бинобар ин диққати ҳозиринро ба ҳалли масалаҳои зерин ҷалб намуданд:

– дар шаҳри Душанбе танзими воситаҳои нақлиёт то инҷониб нигаронкунанда боқӣ мондааст. Ронандагон дар роҳ 2-3 қатор истода мусофир мегиранд, ки ин амали онҳо боиси тамбашавӣ мегардад ва аз тарафи дигар бехатарии мусофирон таъмин намегардад. Ҷамъшавии нақлиётҳои мусофиркаш ба самти Ваҳдат, таваққуф  дар қатори дуюму сеюм дар ин самт, омилҳои мебошанд, ки ҳусни пойтахтро коста мекунанд.  Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанберо зарур аст, ки барои бартараф намудани камбудиҳо чораҳои дахлдор андешида, нисбати қоидавайронкунандагон протоколҳои маъмури тартиб дода шавад

-андешидани тадбирҳои зарурӣ бобати ба таври ғайринақди ба роҳ мондани пардохти ҳаққи хизматрасониҳо ва баҳисобгирии маълумотҳо бо усули электрони дар нуқтаҳои назоратӣ;

-зиёд кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ширкату ҷамъиятҳо ва корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёт;

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби Муовини Вазири нақлиёт ба масъулини раёсатҳои минтақавии Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас  дода шуданд.