Рузи 11 –уми апрели соли 2022 бо иштироки Муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Р. Б., ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар семоҳаи якум баргузор гардид.

Ҷаласаро Сардори Хадамот Ганҷалзода Ш. Р. оғоз бахшида, Раҳимзода М муовини якуми  сардори Хадамот оид ба натиҷа ва дастовардҳои Хадамот дар семоҳаи якум ҳисобот доданд. Қайд карда шуд, ки нисбати ба ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият барзиёд иҷро карда шуданд.

Сипас Сардори Хадамот фаъолияти семоҳаи якуми соҳаро натиҷагирӣ карда, ҷиҳати пешрафти кор ба масъулин супоришҳои мушаххас дод .