Роҳбарият

Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

ҚУРБОНЗОДА Далер Қурбон аз 29 сентябри соли 2022 дар мансаби Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

*Соли таваллуд   12 майи соли 1987               Ҷои таваллуд      ноҳияи Данғара

Миллат:  тоҷик                             Таҳсилот: олӣ

Соли 2009 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ-ро, хатм кардааст

Ихтисос:   роҳҳои автомобилгард ва бандарҳои ҳавоӣ

Унвони илмӣ:    надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:    русӣ

Вазъи оилавӣ:   оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Фаъолияти кориашро аз соли 2009 ба ҳайси муҳандис оид ба озмоишгоҳ ва маводҳо дар қитъаи №2-и роҳи автомобилгарди Душанбе-Данғара “Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи Душанбе-Чанак”-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, то соли 2013 дар ҳамин корхона кор кардааст. Аз соли 2013 то соли 2015 Муҳандис оид ба назорат дар қитъаи №2-и Душанбе-Данғара «Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи Душанбе-Чанак»-и шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 2015-2016 Сармутахассиси Хадамоти назорати давлатии меъмори ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 2016-2017 Сармутахассис оид ба масъалаҳои гумрукии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо”, дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 2017-2018  Менеҷери лоиҳаи ” Таҷдид ва беҳтарнамудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, марҳилаи 1-и Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 2018-2022 Директори Муассисаи давлатии “Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода”, дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Аз 29 сентябри соли 2022 то ҳоло Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор  мекунад.

Аз 15 августи соли 2022, таҳти №: 417 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шудааст (МЕДАЛИ ХИЗМАТИ ШОИСТА).

Аз 29 сентябри соли 2022, таҳти №: 470 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

 

 

Муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт 

РАҲИМЗОДА  Мирзошариф Убайдулло

аз 02 октябри соли 2019 дар мансаби Муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

кор мекунад

*Соли таваллуд   27 январи соли 1964               Ҷои таваллуд      ноҳияи Восеъ

Миллат:  тоҷик                             Таҳсилот: олӣ

Соли 1993 Донишгоҳи техникии ТоҶикистон ба номи М.С.Осимb, (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос:   иқтисодиёт ва идора дар нақлиёт

Унвони илмӣ:    надорад

Кадом забонҳои хориҶиро медонад:    русӣ,

Вазъи оилавӣ:   оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

                                            Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1981-1982    Коргари хирман, посбони совхози Муминобод-2 
Солҳои 1982-1984 Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ
Солҳои 1984-1987 Ронандаи совхози «Аврора»
Солҳои 1987-1988 Шунавандаи шӯъбаи тайёрии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Солҳои 1988-1993 Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Солҳои 1993-1995 Сариқтисодчии автокалоннаи №2927
Солҳои 1995-1996 Сармуҳосиби автокалоннаи №2927
Солҳои 1996-1997 Cариқтисодчии шӯъбаи банақшагирӣ ва иқтисодии Иттиҳодияи нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе
Солҳои 1997-1998 Муҳосиби шӯъбаи ҳисоботии ТЭЦ-и шаҳри Душанбе
Солҳои 1998-1999 Таъминотчии шӯъбаи таъминоти маводҳои техники ҶСШК «Умед»
Солҳои 1999-2007  Нозир, Нозири калон, Ҷонишини сардори Инспексияи нақлиётии Ҷумҳурии ТоҶикистон
Сардори шӯъбаи назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Солҳои 2007-2009 Сардори шӯъбаи назорат ва танзими интиқоли байналмилалии автомобилии Дастгоҳи Марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Солҳои 2009-2011 Сардори шӯъбаи назорат ва танзими интиқоли байналмилалии автомобилии Дастгоҳи Марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
01.02.2011-03.10.11 Роҳбари КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»
Солҳои 2011-2019  Муовини сардори Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 02 октябрт соли 2019  то ҳоло  Муовини якуми сардориХадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Муовини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

АШУРЗОДА Фарух

 

Соли таваллуд:   01 июли  соли 1974                    Ҷои таваллуд:      шаҳри Душанбе
Миллат: тоҷик                                                              Таҳсилот:   олӣ

 

Соли 2004 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ва соли 2020 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба  номи М.С. Осимӣ-ро хатм кардааст
Ихтисос   баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти ҳавоӣ
Унвони илмӣ:    надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад:    русӣ, ва туркӣ
Вазъи оилавӣ:   оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1991-1996 Муҳосиби Муассисаи давлатии “Театри давлатии драмаи руссии ба номи Владимир Маяковский
Солҳои 1996-2000 Иқтисодчии ширкати MW “CONSALTING”-LTD International
Солҳои 2000-2004 Менеҷери калони татбиқи техникаи компютерии Ширкати MW “CONSALTING”-LTD International
Солҳои 2004-2006 Муовини сармуҳосиби ҶДММ “Интершок”
Солҳои 2006-2009 Директори тиҷоратии ҶДММ “Ясмин”
Солҳои 2009-2010 Муовини директори тиҷоратии ҶДММ “Миф”
Солҳои 2010-2011 Сардори шуъбаи бехатарии ҶСП ТАКХ “Спитамен Капитал”
Солҳои 2011-(04-10) Муовини директори ҶДММ “Миф”
Солҳои 2011-2012 Директори генералии ҶДММ “Космос”
Солҳои 2012-(02-09) Сардори Бахши бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии нозиротӣ давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2014  Менеҷери муносибатҳои байналмилалии Шуъбаи байналмилалӣ ва намояндагиҳои ҶСК “Тоҷик Эйр”
Солҳои 2015-2016 Намояндаи генералӣ дар шаҳри Истанбул, ҶСК “Тоҷик Эйр”Солҳои 2016-2019 Намояндаи генералӣ дар шаҳри теҳрон, ҶСК “Тоҷик Эйр”
Солҳои 2019-2022 Муовини директор оид ба иқтисоди ҶДММ “Миф”
Соли 2022 (01-11) Мушовири директор оид ба рушди стратегӣ дар МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”
Соли 2022 (01-12) Сардори шуъбаи назорат ва танзим дар нақлиёти роҳи оҳани Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт. Аз санаи 16 декабри соли 2022  то ҳоло  Муовини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Маълумотҳои иловагӣ
1. “Нақлиётчии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
2. Медали ҷашнӣ бахшида ба 15 солагии қӯшунҳои зудамали қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Медали ҷашнӣ бахшида ба таҷлили 70-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945
4. Медали ҷашнӣ “25-солагии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”